ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





НАМОИШИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТИИ АМРИКО ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори лексионии факултети забонҳои хоричии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров намоиши барномаҳои таҳсилотии Амрико (USA Education programs) доир гардид. Дар семинар зиёда 100 нафар донишҷӯёну устодони  донигоҳ ширкат варзида, дар бораи роҳҳои дарёфт намудани стипендияҳо барои таҳсил дар  коллеҷу донишгоҳҳои Амрико  маълумот гирифтанд. Дар ҷараёни семинари машаратӣ тарзи пур кардани апликатсияҳо ва талаботҳои донишгоҳҳои ИМА аз чониби намояндаи ташкилоти “Таҳсилот дар Амрико”-и  назди сафоратхонаи Амрико дар Чумҳурии Точикистон Рухшона Мирзоортиқова  маънидод карда шуд.  Мирзоортиқова ҳамчунин дар  бораи истифодаи  сайтҳои маъмул ба  хотири омузиши  забони  англисӣ  ва супоридани  имтихони TOEFL   ва дигар  санчишҳои  лозимӣ  барои  дохилшавӣ  ба   донишгоххои   Амрико маълумот дод.
Гуфта мешавад, ки ин чорбинӣ аввалин набуда, ҳамасола ба хотири ҷалби муҳасилин дер доираи барномаҳои мазкур гузаронида мешавад.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:170 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар