ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МУАЛЛИМОН ДАР ДОНИШГОҲ
2018-10-09

Дирӯз бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар толори Театри давлатии мазҳака ва мусиқии  ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба иди касбии омӯзгорон чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Чорабинии идонаро ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ҳусни ифтитоҳ бахшида, устодону кормандони донишгоҳро бо иди касбӣ таҳният намуда, афзуд, ки  мо назди миллату давлат вазифадорем, ки бо фаъолияти пурбори омӯзгорӣ донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло, фарогирии васеи донишҳои замонавӣ, хислату корбарии накӯ ва муносибати арзанда ба арзишҳои муқаддас раҳнамун созем. Мавсуф аз муваффақиятҳои устодон дар давоми даҳсолаи охир,  ки 5 нафар бо Медали хидмати шоиста, 2 нафар бо ордени Шараф, 2 нафар бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 47 нафар барандаи ҷоизаи вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, 500 нафар бо унвони аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 200 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 170 нафар бо ифтихорномаи раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд  ноил гардиданд бо ифтихормандӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон  аз ҷониби ректори донишгоҳ 6 нафар бо унвони Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар Аълочии матбуот, 2 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 нафар бо ифтихорнома, 25 нафар бо сипосноса, 55 нафар бо тӯҳфаи хотиравӣ ва 30 нафар бо раҳматномаи ректор қадрдонӣ гардиданд.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ва иштироки ситораҳои эстрадии вилоят ба монанди Ғолибҷон Юсупов, Гуласал Пӯлотова, Тӯлқин Тоҷибоев ва Сироҷиддин Худоймерганов барномаи зебою хотирмон пешкаши ҳозирин гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки дар донишгоҳ  41 нафар профессор, доктори илм, 280 нафар дотсент, 41 нафар сармуаллим, номзади илм, 233 нафар сармуаллим ва 313 нафар муаллим фаъолият мебаранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:104 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар