ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ИФТИТОҲИ ГЕРБАРИИ БОТАНИКӢ ДАР ДОНИШГОҲ
2018-10-08

Санаи  5-уми октябри соли  ҷорӣ бо иштироки ректор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ дар бинои таълимии №1-и кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳои факултети биология ва химия  бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гербарии ботаникӣ ифтитоҳ ёфт. 

Дотсент Тӯрақулов И.Т. дар мавзӯи “Гербарий- ҳамсоли Донишгоҳ”  баромад намуда, аз таърихи чандинсолаи гербарий дар  донишгоҳ  бо мисолҳои амиқ ёдовар шуд. Сипас профессор Бобоҷонова М.Ҷ. дар мавриди саҳми олимон ва устодон дар ташкилёбии  гербария суханронӣ кард. Декани факултети мазкур Мирзобаҳодурова Ш.Р.  ба ҳамаи онҳое, ки дар таъсисёбии  гербарии ботаникӣ саҳми худро гузоштаанд миннатдории хешро баён намуд.

Боиси зикр аст, ки гербария таърихи бисёрсола дошта, соли  1932 аз тарафи Б.М.Комаров асос ёфта буд. Он дорои бештар аз 75 ҳазор нусха гербарийи растаниҳо буда, ғановати олами растаниҳои Тоҷикистони Шимолиро инъикос мекунад.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:80 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар