ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
СЕМИНАРИ НАВБАТИИ CURRICULUM GLOBALE ДАР ТОҶИКИСТОН
2018-10-08

Тибқи Барномаи Curriculum Globale – таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон санаҳои 2-6-юми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе семинари навбатӣ дар мавзӯи «Коммуникатсия ва таҳсилоти калонсолон» баргузор гардид, ки дар кори он аз Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Каримов Т.Д. ва сардори маркази иттилоот ва таҳлил Ҳодибоев Ф.А. ширкат варзиданд.

Давоми ҳафта аз ҷониби тренери байналмилалӣ Елена Собирова доир ба масъалаҳои муҳими илми «Андрагогика» ва татбиқи он дар ҷараёни таълим байни калонсолон баррасӣ гардид. Махсусан, мавзӯъҳои назариявӣ ва амалӣ марбут ба муқаддимаи фанни мазкур, истифодаи малакаи корӣ дар раванди таълим, таҳлили таҷрибаҳои пешқадам ва роҳҳои самараноки татбиқ намудани он марвиди муҳокима қарор дода шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар маҷмуъ, мақсади асосии ташкили семинарҳои мазкур тайёр кардани тренерони сатҳи байналмилилӣ ва ҷорӣ кардани Барномаи таълимии Curriculum Globale дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Марказҳои таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон мебошад.

 

                                                        Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:76 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар