ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ДОНИШГОҲ
2018-10-05

Имрӯз дар маҷлисгоҳи раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи забон  мизи мудаввар таҳти унвони “Пешвои миллат ва сиёсати забон дар Тоҷикистон: дастовард ва муаммоҳо ”бо иштироки олимони варзида баргузор гардид.

Сараввал чорабиноро  Раиси Комиссияи татбиқи “Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед  ҳусни оғоз бахшида, устодонро ба иди касбии омӯзгорон ва рӯзи забони давлатӣ  табрик  намуд. Баъдан   оид ба татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ” дар  Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров  суханронӣ кард. Мавсуф  ҳамагонро  барои ба даст овардани  комёбиҳои тоза дар соҳаи забон давлатӣ  даъват намуда, афзуд,ки  нисбати забон муносибати башардӯстонаву эҳтироми хоса зоҳир намудан вазифаи ҳар яки мост.

Сипас   Абдуқодиров А.  профессор, котиби Комиссияи  татбиқи “Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар донишгоҳ  дар мавзӯи  “Нақши Комиссияи ДДХ оид ба татбиқи  Қонуни забони давлатӣ дар ташаккули сиёсати забон”, Ғиёсов Н.И. дотсенти кафедраи  забон ва адабиёти факултети забонҳои Шарқ дар мавзӯи  “Забон ва Истиқлолият”, Ваҳҳобов Толибҷон профессори  кафедраи забони тоҷикӣ  дар мавзӯи “Нақши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба забон  дар ташаккули сиёсати забон дар Тоҷикистон”, Олимҷонов Мӯсо дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ  дар мавзӯи  “Нақши матбуоти даврӣ дар пешбурди сиёсати забон: мушкилоти имло”  баромад карда, мулоҳизаҳои пурмазмун намуданд.

Ҷиҳати хотирмон гардидани миззи мудаввар бо фармони ректор устодони донишгоҳ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бахшида ба истиқболи Рӯзи забони тоҷикӣ дар факултетҳои донишгоҳ  махсусан,   дар факултети филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷӣ “Ҳафтаи забон”, дар факултети молия ва иқтисодиёти бозор маҳфили бадеӣ-фарҳангӣ бо номи “Чароғи маърифат”,  дар факултети физикаю техника чорбинии илмиву фарҳангӣ  таҳти унвони “Забон пайвандгари дилҳову омӯзгор  равшангари ақлҳо ”, дар китобхонаи донишгоҳ маҳфили  нахустини “Осори мондагор”  гузаронида шуд.

 

Аз назар гузарониданд:84 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар