ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 100-СОЛАГИИ СУХОМЛИНСКИЙ ВАСИЛИЙ АЛЕКСАНДРОВИЧ
2018-10-05

Санаи 3-юми октябри соли равон  дар толори раёсати донишгоҳ  коференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии омӯзгори барҷаста Сухомлинский В.А. гузаронида шуд.

 Конференсияро  ректори Донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло оғоз бахшида, дар хусуси  бузургӣ  ва арзишмандии мероси илмиву адабии педагоги машҳур Сухомлинский В.А.  суханронӣ кард.  Сипас Иванов Иван Сергеевич  сардори маркази илм ва фарҳанги Русия  аз баргузории  конфронси мазкур  арзи хушҳолӣ намуд.

Ҳамзамон, профессор, доктори илмҳои педагогӣ  Шаропов Ш.А., дар мавзӯи “Сухомлинский В.А.  ҳамчун омӯзгори навовари сатҳи ҷаҳонӣ”, дотсент  Раҳмонов З.П., дар мавзӯи “Идеяҳои педагогии  Сухамлинский В.А. дар бораи тарбияи насли наврас дар оила”, баромад  намуданд.  Баъдан  дотсент ,  мудири кафедраи иҷтимоӣ  ва касбии факултети педагогика  Элмуродова С.Х. презентатсияи худро  дар мавзӯи “Принсипҳои  инсондӯстӣ”   муаррифӣ кард.

Ҳамчунин, аз  ҷониби устодон ва донишҷӯён  барномаи адабию фарҳангӣ бахшида  ба мероси адабии ин омӯзгори барҷаста пешниҳоди ҳозирин карда шуд .

Бояд қайд намуд, ки Сухамлинский В.А. маллифи 40 монографияву рисола, 600 мақола, 1200 ривояту афсона мебошад. Теъдоди   умумии китобҳояш бештар аз 4 миллион нусхаро ташкил дода,  бо забонҳои гуногун нашр  шудааст.

Аз назар гузарониданд:74 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар