ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАҚОМ
2018-09-13

Аз 6-ум то 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон форуми байналмилалии Мақом баргузор гардид. Дар он намояндагони 73 давлат ширкат намуданд. Ҳунармандони Академияи мақоми Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов сазовори мукофоти олии форуми мазкур Гран-при гардиданд. Дар ҳайати ансамбли Академияи мақом собиқ дастпарварони факултети санъат Насиба Омонбоева, Камолиддин Ҳамдамов, Сироҷиддин Ҷўраев, Хуршед Иброҳимов хунарнамоӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Насиба Омонбоева айни замон дар вазифаи сармуаллима дар кафедраи мусиқии суннатии тоҷики факултети санъат фаъолият намуда, дар тарбияи шогирдон саҳми назаррас дорад. Ў иштирокчии чандин озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию хориҷӣ мебошад. Дар ҳайати дастаи хунарии Академияи мақом сазовори Ҷоизаи байналмиллалии «Грэмми» (соли 2006) гардида буд. Бо барномаҳои ҳунарӣ дар давлатҳои Аврупо (Фаронса, Шветсия, Олмон), Амрико, Ҳиндустон ва дигарҳо баромад намудааст. Дигар аъзоёни дастаи ҳунарӣ, ки хатмкунандагони факултети санъат мебошанд, Камолиддин Ҳамдамов - айни ҳол роҳбари мусиқии ансамбли «Нури Хуҷанд»,  Сироҷиддин Ҷўраев – устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов, Хуршед Иброҳимов –мудири кафедраи сарояндагии анъанавии консерваторияи мазкур мебошанд.

Аминҷонов Раҳимчон,  декани факултети санъат

 

 

 

Аз назар гузарониданд:85 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар