ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
СЕМИНАРИ СУДМАНД
2018-09-12

Мутобиқи  қарорҳои Шӯрои  олимон,  Раёсати донишгоҳ ва дастуру супоришҳои ректори  донишгоҳ  шуъбаи  робитаҳои  байналмилалӣ  силсила  семинарҳои  амалӣ омӯзиширо барои  иштирок  дар  барномаҳои гуногуни  гранти  таҳсилоти оғоз  намуд. Семинари  аввалин санаи 7 сентябри соли 2018 дар  факултети  забонҳои  хориҷӣ барои  донишҷӯёни курси 4-ум  ба  хотири  идомаи  таҳсил дар магистратураи донишгоҳҳои  хориҷӣ баргузор  гардид. Дар  он  грантҳои  таҳсилотии донишгоҳҳо  ва ташкилотҳои  байналмилалӣ мисли: Идрори  Сhtvning барои  таҳсилот дар магистратура  ва  аспирантураи донишгоҳҳои  Британияи  Кабир, барномаи  идрории Донишгоҳи  Сурихи  Шветсария, Идрори Билл ва  Мелинда Гейтс барои таҳсил  дар магистратураи  донишгоҳи Кембридж баррасӣ  гардид.

 Инчунин  лоиҳаи  гранти  ташкилоти  байналмилалии   ЮНЕСКО  барои  тадқиқотчиёни  ҷавон бахшида  ба   омӯзишу тадқиқӣ  масъалаҳои муколамаи  байнифарҳангӣ, информатика ва  технологияи информасионӣ, пешгирии низоҳои эҳтимолӣ  ва дигар мавзӯъҳои  муҳими замон барои  омӯзгорони ҷавон, пешниҳод  карда  шуд.

Дар  ин  семинар  зиёда  аз 50  нафар данишҷӯён  ва  омӯзгорон  иштирок  намуда,  дар муҳокимаҳо  фаъолнокии худро  зоҳир  намуданд.

 Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:63 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар