ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҶЎРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БАХШИДА БА РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
2018-06-25

Устодони арҷманд, ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Имрўз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвари азиз дар арафаи ҷашни таърихӣ, рўзи саиду саодатбахш – Рўзи Ваҳдати миллӣ қарор доранд.

Санаи 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ва кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин рўзи сарнавиштсоз бо саъю талош ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, халқи парешонгаштаи тоҷик ба ҳам омад.

Пешвои муаззами миллатамон Рӯзи ваҳдати миллиро аз саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзиш дар таърихномаи миллат арзёбӣ карда, таъкид кардаанд, ки: «Дар ин рӯзи муборак мехоҳам бори дигар такрор намоям, ки қадру манзалати санади сулҳу субот баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».

Ба имзо расидани созишномаи сулҳ обрӯю эътибори халқи тоҷикро дар саросари ҷаҳон хеле боло бурд ва моро ҳамчун миллати сулҳпарвару ваҳдатсаро муаррифӣ кард. Ин санади таърихӣ қутбнамои роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи раҳнамо хизмат мекунад.

Месазад, ки ин падидаи нодири таърихиро такрор ба такрор омўзем, муҳимтарин омил ва ҷанбаҳои арзиши илмию амалии онро дар ҳаёти мардуми кишвар, минтақа ва ҷаҳон гаштаю баргашта мавриди тадқиқоти густурдаи илмӣ қарор диҳем. Зеро мактаби сулҳи тоҷикон басо ибратомўз буда, дар таърихи ҷаҳони муосир ба худ ҳамто надорад.

Зеро имрўзҳо на танҳо халқи кишвар, балки кулли  ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ муаррифӣ гардид.

Сиёсати ҷории давлат ба ҷаҳониён амиқу дуруст фаҳмонида шуд ва дар натиҷа ин сиёсат дар доираҳои сиёсӣ ҳамчун сиёсати ибратбахш мавриди пазироӣ ва эътироф қарор гирифт, чароғи нурбори сулҳу ваҳдат дар саросари кишвар нурафшон гардида, роҳи ояндаи миллату давлатро мунаввар гардонд.  

Бо қаноатмандӣ қайд бояд кард, ки имрўз дар ҷомеаи мо раванди худогоҳиву худшиносӣ такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. 

Дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат тақозо мекунанд, ки ба тарбияи мутахассисони соҳибихтисос беш аз пеш эътибор диҳем, шӯҳрати донишгоҳамонро дар байни мактабҳои таҳсилоти олии кишвар боз ҳам баланд бардорем. Дар ин замина вазифаи басо пурмасъулият – парвариши мутахассисони варзидаи худогоҳу худшинос, соҳибкасбу донишманд ба дӯши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вогузор гардидааст.

Имрӯз ин боргоҳи маърифат ба ҳайси бунёдгоҳи тафаккур ва эҳсоси худогоҳии миллӣ, пойгоҳи боэътимоди рушду инкишофи иқтисодӣ, техникӣ ва маънавӣ мақому манзалати калонро соҳиб гардида, рисолати аввалиндаражаи худ – парвариши кадрҳои соҳибииқтисос, худогоҳу ватандор қарор додааст.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2017 дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мақоми сеюмро соҳиб гаштааст, ки ин дастовард самараи меҳнати шоиста ва иштироки фаъолонаи хар як узви ҷомеаи донишгоҳ дар раванди таълиму илмомўзӣ маҳсуб меёбад.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ баҳои хеле баланд дода таъкид мекунанд: «Ин ид пайғоми оштии ҷовидонии миллати мо барои садсолаҳои минбаъда ва насли оянда хоҳад шуд».

Дар мақоми шукргузорӣ аз фазои босуботи Ватан, ҳамдиливу ягонагии халқи кишвар ва фараҳи даррасии рўзи босаодати миллат бо самимият ва ифтихори зиёд Шумо устодон, кормандону донишҷўёни донишгоҳро бо фарорасии Рўзи Ваҳдати миллӣ – пайғоми оштии ҷовидонии миллати мо муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда, равнақу барори кор, азму иродаи қавӣ ва пешрафту сарбаландӣ таманно мекунам. Бигзор, тинҷию амонӣ, ваҳдат, сулҳу осоиш дар кишвари соҳибистиқлоламон ва тамоми олам пояндаву ҷовидон бошад!

Ид муборак!

 

 

 

Аз назар гузарониданд:66 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар