ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
АРБОБИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА
2018-06-25

Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.

Дирӯз дар толори раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Саҳми профессор Ғафур Ҳайдар  дар рушди илми таърих  ва тарбияи  мутахассисони баладихтисос” баргузор гардид. Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 90-солагии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ғафур Ҳайдаров низ ҷузъи ин чорабиниҳои муҳим ба шумор меравад, ки дар худшиносии насли имрўз арзиши баланд дорад.

 Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Т. Султонӣ, Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профоссер Ҳ. Пирумшоев  ва устодон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда,  дар суханронии хеш қайд намуд, ки: “Профессор Ғафур Ҳайдаров олими маъруф, фидоии асили илму маориф ва фарҳанги тоҷик, машъалафрўзи донишу хирад, арбоби намоёни мактаби олӣ аст, ки дар рушду камоли таърихнигории тоҷик,  таълиму тарбияи ҳазорон шогирд ва даҳҳо муҳаққиқи соҳибунвон саҳми шоиста дорад.

Ба шарофати заҳмати зиёд ва тадқиқоти сешумор, эҷоди осори пурарзиш, таълим ва тарбияи насли зиёди муаррихон Ғафур Ҳайдаров мактаби бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров, академик Зариф Раҷабов ва дигар таърихшиносони маъруфи тоҷикро идома дода, чун садри муаззами таърихнигорон обрўву эътибор пайдо кардааст”.

Профессор Ғафур Ҳайдаров аз байни дастпарварони донишгоҳ нахустин номзади илми таърих, нахустин доктори илми таърих, нахустин профессор мебошад. Ў  аз байни устодону олимони донишгоҳ аввалин ва ягона шахсе мебошад, ки бо мукофоти олии кишвари шўравӣ – ордени Ленин сарфароз шудааст.

Доир ба фаъолияти илмӣ ва хизматҳои Ғафур Ҳайдар  профессорон Ҳ. Пирумшоев, Н. Убайдуллоев ва дигарон маърӯза намуданд.

Конфронс бо сухани ҷамъбастии шогирдон ва ҳамкорони профессор Ғафур Ҳайдаров  ба итмом расид.

  Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:147 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар