ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
АТАХОН САЙФУЛЛОЕВ –АДАБИЁТШИНОСИ НОМВАР ВА ХОДИМИ НАМОЁНИ ҶАМЪИЯТӢ
2018-06-21

Имрӯз дар толори раёсати донишгоҳ  конференсияи вилоятии илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Атахон Сайфуллоев –адабиётшиноси номвар ва ходими намоёни ҷамъиятӣ” баргузор гардид.  Дар кори конфронс  ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода, Карими Шариф намоянда аз  Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, А. Шарипов котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эқёи  Тоҷикистон, А. Раҳматзод раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устодон ва шогирдону пайвандони устод А. Сайфуллоев иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода сухани ифтитоҳиро оғоз намуд ва қайд кард, ки: “Профессор Атахон Сайфуллоев аз зумраи он олимоне аст, ки пайваста ва беминнат бештари умрро барои ривоҷу равнақи илм ва устувор кардани пояҳои таълимиву илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров харҷ кардаанд. Ў таҳсилдидаи ин донишгоҳ буда, аз устодони ин даргоҳи муаззам сабақи ҷиддии инсониву илмӣ гирифтааст”.

Корномаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии донишманди шодравон, профессор Атахон Сайфуллоев падидаи камназир ва шоистаи ибрату омўзиш ба наслҳои ҷомеа аст. Ў дар нимаи дувуми солҳои 50-уми асри ХХ, бо фароҳам омадани фазои илмиву адабӣ ва ҷўшу хурўши он ба арсаи фаъолият ворид шуда, ба эҳёи асолати сухан, дарёфти меъёри солими завқ, густариши чашмандози адабӣ, вусъати афкори ҳамзамонон ва ба вуҷуд овардани мактаби хоси тадқиқ дар адабиётшиносии тоҷик мусоидат кардаст.

Иштирокдорони конфронс  дар мавзӯъҳои “Нақши Атахон Сайфуллоев дар тарғиби  ғояҳои созандаи Ҳаракати  ваҳдати  миллӣ ва эҳёи  Тоҷикистон”, “Атахон Сайфуллев ва ҳавзаи адабии вилояти Суғд”, “Атахон Сайфуллоев – адабиётшинос ва адиби номвар”  “Атахон Сайфуллоев- оинадори танқид” ва ғайраҳо баромад намуданд.

Дар охир шогирдону пайвандони Атахон Сайфуллоев хотираҳои неки худро аз ҳаёт ва фаъолияти эшон ироа намуданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил  

 

 

Аз назар гузарониданд:139 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар