ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
РАСАДХОНАҲОИ АСТРОНОМӢ ВА РИВОҶУ РАВНАҚ ЁФТАНИ ИЛМИ КАЙҲОНШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
2018-06-19

Мусаллам аст, ки бо баробари расидан ба  истиқлолияти  давлатӣ   дар  кишвари куҳанбунёд ва  ҳамешаҷавони мо пешрафтҳои назаррасе ба амал омаданд, ки пеш ҳама реша дар сиёсати ояндасози Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Сарвари давлат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дорад.

Маҳз бо туфайли ибтикроти ин шахсияти таърихӣ мо  тоҷикон  ҳуқуқи   эҳтироми арзишҳои миллӣ ва бузургдошти шахсиятҳои муътабари таърихиямонро дарёфтем. Пешвои муаззами миллат   ба қадру манзалати бузургони гузаштаву имўзаи мо бо чашми эътибор ва самимияти беандоза муносибат менамоянд, ки ин гуна муносибат аз анъанаҳои деринаи аҷдодони мо сарчашма мегирад.  Халқи тоҷиқ ба илму олим ва шахсиятҳои барҷастаи миллати худ ҳамеша эҳтиром дошт ва  маҳз ба  хотири эҳтироми  арзишҳои таърихиву миллӣ  миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Дирӯз  дар толори раёсати донишгоҳ бахшида ба фаъолияти илмиву педагогии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Латипов Ҷалол Латипович конфронси илмӣ- амалӣ баргузор гардид.

Дар конфронси илмӣ ректори донишгоҳ профессор Ҷ.Ҷӯразода,  устодон ва шогирдони Ҷ. Латипов иштирок намуданд. 

Сараввал ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода баромад намуда, аз хизматҳои шоёни профессор Ҷ. Латипов сухан кард.  Ректори донишгоҳ зимни баромади хеш қайд намуд, ки: “Латипов Ҷалол Латипович дар густариши фанҳои дақиқ дар донишгоҳамон  хизматҳои зиёде намудаанд,  ки шоистаи таҳсин аст. Заҳматҳои шабонарўзии эшон низ  ҷиҳати таҳким бахшидан ба сифати таълиму тадрис  ва  ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқ  ба хусус физика  аст, ки имрўз факултети  физика ва техника   ба яке аз марказҳои   илмӣ ва талимӣ табдил ёфтааст.  Дар самти корҳои илмӣ  низ Латипов Ҷалол Латипович яке аз фаъолтарин олимоне маҳсуб мешаванд, ки маҳсули ковишҳои илмии худро дар шакли  рисола, монография, китобҳои дарсӣ  ва мақолаҳои арзишманди илмиву оммавӣ  пешкаши хонандагон гардонидаанд”.

Дар замони истиқдолияти давлатиамон  муаррифии  арзишҳои маънавии мо аз шахсият ва корномаи  Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.  Зеро  маҳз дар даврон муносибат ба таъриху тамаддуни миллӣ, фарҳангӣ аҷдодӣ ва бузургони миллат   куллан  дигар  шуд. Таҷлили ҷашни бузургдошти шахсиятҳои таърихии мо дар замони истиқлолияти миллӣ далели равшани ин гуфтаҳост.

Инчунин профессор Ҳ. Саидов ва дотсент А. Ҳоҷибоев оид ба саҳми устод дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ маърӯза намуданд.

Дар охири конфронс ҳамкорон, шогирдон ва пайвандони Ҷ. Латипов баромад намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:95 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар