ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
2018-06-07

Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ вохӯрии судманд бо сафири фавқуллодаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Найтҳарт Ҳӯфер-Виссинг ва сардори бахши фарҳанги сафоратхона хонума  Гримм баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ – боз ҳам густариш додани робитаҳо байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Олмон мебошад. Дар  вохӯрӣ намоянда аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилояти Суғд Хуршед Муродзода, ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода, муовини ректор оид ба таълим профессор А. Раҳимов А, муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ дотсент А.Азизов , декани факултети забонҳои хориҷӣ дотсент М. Абдуллоева  ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет  ширкат варзиданд. Меҳмонони олиқадрро донишҷӯён бо саломи самимӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, олмонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтанд. Сипас, сӯҳбати самимӣ байни сафир ҷаноби Найтҳарт Ҳӯфер-Виссинг ва ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода  роҷеъ ба таҳкими муносибатҳои дутарафа дар соҳаи маориф сурат гирифт. Дар навбати худ ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода  пешниҳод намуд, ки дар назди донишгоҳ маркази омӯзиши забони олмонӣ, намояндагии ташкилоти байналмилалии ДААД таъсис дода шавад. Зимни суханронӣ аз Сафири Олмон хоҳиш карда шуд, ки барои густариш додани ҳамкорӣ байни донишгоҳ бо Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Федеративии Олмон чораҷӯиҳо андешида шаванд.

Инчунин, ҷаноби Найтҳарт Ҳӯфер-Виссинг аз баргузории маҳфили донишҷӯёни бахши забони олмонӣ таҳти унвони “Муколамаи ду фарҳанг” дидан кард. Зимни баргузории маҳфил донишҷӯён бо сафири Олмон мулоқоти озод доштанд ва ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон  ҷаноби Найтҳарт Ҳӯфер-Виссинг оиди таассуротҳои гирифтааш ибрози ақида намуд.   

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ меҳмонон бо кулли ширкатварзидагон расми хотиравӣ гирифтанд.

 Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:88 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар