ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ТАШРИФИ ТОД ҲЮЗ БА ДОНИШГОҲ
2018-06-06

Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ баҳри густариши робитаҳои байналмилалӣ бо иштироки намоянда аз сафоратхонаи Амрико Тод Ҳюз, доктори  илмҳои  биологӣ Норман Мак-Кей, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ  дотсент А. Азизов., декани факултети забонҳои хориҷӣ дотсент М. Абдуллоева ва ҷомеаи устодону донишҷӯёни факултет  семинар – машварат  баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин семинар – машварат шинос намудани аспирантону докторантон, омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён бо усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо дар баромадҳои худ таъкид менамояд, ки бо назардошти талаботи меҳнат ҷавонони имрӯзаро зарур аст, ки дар баробари касбомӯзӣ, забонҳои хориҷиро низ аз худ намоянд.  Бо ҳамин мақсад мунтазам дар факултетҳои донишгоҳ чунин семинар- машваратҳо бо мутахассисони соҳа гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:180 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар