ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ШУЪБАИ ҒОИБОНАИ ДОНИШГОҲ
2018-06-01

Тӯли чанд рӯз аст, ки дар донишгоҳ барои донишҷӯёни ғоибхон имтиҳони давлатӣ оғоз гардидааст. Аттестатсияи давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатми шуъбаи таҳсилоти фосилавии  донишгоҳ идома ёфта истодааст. Хатмкунандагони даҳ факултет аз рўи ихтисосҳои гуногун тибқи ҷадвали тасдиқшуда имтиҳони хатмкунӣ супорида истодаанд.

Тибқи супориши ректори донишгоҳ санҷиши ҳуҷҷатҳои омодашудаи хатмкунандагон дар факултетҳо, ки аз ҷониби раёсати таълим гузаронида шуд, нишон дод, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон ба аттестатсияи давлатӣ омода карда шудааст.

  Ҷадвали баргузории лексияҳои обзорӣ ва аттестатсияи давлатӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим тасдиқ худро ёфта, мувофиқи он лексияҳои обзорӣ дар қисме аз факултетҳо дар ҳафтаи дуюм ва дар бахши дигар дар ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҷараён гирифтанд.

Дар ҳамаи факултетҳои ёдрасшуда гўшаи донишҷўёни ғоибонхон мавҷуд буда, дар онҳо ҷадвали баргузории Аттестатсияи давлатӣ рўихати зергурўҳҳои донишҷўён, ҳайати комиссияи аттестатсионӣ насб карда шудааст. Инчунин аз ҳисоби устодони факултетҳо дар рўзҳои баргузории имтиҳонҳо навбатдорӣ ташкил шудааст. Масъулини факултетҳо пас аз анҷоми Аттестатсияи давлатӣ натиҷаи баргузории имтиҳонро ҳар рўз ба шуъбаи ғоибона пешниҳод менамоянд.

Аттестатсияи давлатӣ ва химояи рисолаи хатм дар факултетҳои санъати тасвирию технология, телекомуникатсия ва  технологияҳои иттилоотӣ ҷамъбаст гардид, ки хатмкунандагон аз рўи се ихтисос имтиҳони давлатӣ супориданд.  Шумораи хатмкунандагони факултетҳои мазкур 128  нафарро ташкил доданд.  

Имсол теъдоди хатмкунандагон дар шуъбаи ғоибона аз рӯи 23  ихтисос 2526 нафарро  ташкил медиҳад. Аттестатсияи давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои хатм дар факултетҳои боқимонда идома ёфта истодаанд, ки аз ҷониби масъулини раёсати таълим ва кураторони факултетҳо аз раёсат пайваста мавриди назорат қарор доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:183 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар