ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
2018-05-14

 

Бо ташаббуси омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Раҷабова С.Б. ва донишҷӯёни гурӯҳи 108 дар хобгоҳи №1-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм!”  бо иштироки устодон ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо навори ибратомез оғоз шуда, аз тарафи барандагон маълумот дар бораи терроризм ва экстремизм пешкаши тамошобинон гардид.

Дар ин чорабинӣ донишҷӯён дар васфи ватан, сулҳ ва модар  шеърҳои пурмазмунро аз ашъори шоирони тоҷик қироат намуданд. Инчунин донишҷӯён саҳначае пешкаш намуданд, ки он хеле рамзӣ буд. Сипас якчанд донишҷӯён бо муаррифиҳои пурмазмун, ки  бо се забон омода шуда буданд, баромад карданд.

Дар анҷоми чорабинӣ мудири кафедраи фонетика ва лексикология, н.и.ф. Азимова С.Р. сухан карда, ба донишҷӯён барои омода намудани чунин чорабинии пурмазмун ва ҷолиби диққат миннатдорӣ изҳор намуд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

Аз назар гузарониданд:269 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар