ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ
2018-05-10

Дирӯз бо ибтикори Шӯрои собиқадорони факултети забонҳои хориҷӣ маҳфили “Чароғи ҳидоят” чорабинии бошукӯҳ ва ботантана бахшида ба ҷашни 73-умин солгарди Ғалабаи бузург баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ собиқадори меҳнат, полковники мустафъии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, хатмкардаи факултети забонҳои хориҷӣ Содиқов Орифҷон, сармутахассиси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Ӯлмасов М., ва устодони  факултет ҳузур доштанд.

Дар оғози чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони факултет дотсент Нематуллоева М.Н. ҳамаи меҳмонон ва устодону донишҷӯёнро бо 73-умин солгарди Ғалабаи бузург табрику муборакбод намуд ва ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, донишҷӯён ба аҳли нишаст барномаҳои рангину ҷолиби худро пешкаш карданд. Маҳфилро шеърхонӣ, рақсу суруд, саҳначаҳои таъсирбахш аз ҳаёти ҷанговарони далеру шуҷоатманд  шукӯҳи хосае бахшид.

Меҳмони чорабинӣ мустафъии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Содиқов О. ҳамагонро бо Иди Ғалаба табрик карда, оид ба фаъолияти худ дар таҳкими сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои халқи тоҷик ва пойдории Ваҳдати миллӣ сухан ронда, аз  ҷавонон даъват ба амал кард, ки дар рушду нумӯъи давлати соҳибистиқлоламон фаъол бошанд.  

Дар интиҳои чорабинӣ дотсент Нематуллоева М.Н. ба ҳамаи меҳмонон ва устодону донишҷӯён барои иштирок ва гузаронидани чорабинӣ арзи сипос карда,  ба меҳмонон аз тарафи раёсати факултет  тӯҳфаҳои хотиравӣ  супорида шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:177 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар