ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҲАМКОРИИ ТАЪРИХӢ ВА СУДМАНД
2018-05-04

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот доир гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. вохӯриро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки  раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ мекунад ва ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ ва табодули таҷриба бо дигар Донишгоҳҳои Ӯзбекистон низ омода аст. Дар вохӯрӣ  аз Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур муовини  ректор оид ба корҳои илм Расулов Бахтиёр Маҳмудҷонович, мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ  Алимов Фарҳод Шаробидинович, профессори кафедраи филлологияи ӯзбек Набиева Дилоро Абдуҳамидовна ва н.и.п., донсенти кафедраи психология Ҳалимова Машрабой иштирок намуданд.

Дар доираи ҷамъомад миёни ду донишгоҳ  шартномаи таҳсил ба имзо расид, ки мувофиқи он минбаъд донишҷӯён ва магистрантон дар Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ин ҳамкорӣ табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати таълим ва саводи донишҷӯён мебошад. Ду ҷониб аз имзо шудани шартнома изҳори хушнудӣ карданд. Қайд гардид,  ки иқдоми мазкур ба қавитар шудани робитаи дӯстии ду миллат заминаи хуб мегузорад ва донишҷӯён бо фарҳангу тамаддуни ҳамдигар аз наздик ошно мегарданд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода  Ҷ.Ҳ.  аз сафари намояндагони Тоҷикистон ба Самарқанди Ӯзбекистон, ки чанде қабл сурат гирифта буд,  ёдоварӣ кард ва гуфт, бо сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат робитаи дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни ду халқи ба ҳам дӯст ва бародар дар ҳама соҳаҳо торафт мустаҳкам мегардад. Мавсуф ба намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобурро аз таърихи донишгоҳ маълумот дод ва меҳмононро бо фаъолияти имрӯзаи донишгоҳ шинос намуд.

Бахтиёр Расулов, доктори илмҳои таърих дар Донишгоҳи давлатии Андҷион  ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур муовини ректор оид ба корҳои таълим фаъолият мекунад. Имрӯз зимни сафараш аз дигаргуниҳои шаҳр дидан кард. Номбурда пешниҳод намуд, ки минбаъд устодони ду донишгоҳ иқдом намуда, конференсияҳои байналхалқӣ ташкил намоянд ва табодули таҷриба кунанд. 

Ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ҳамчун рамзи дӯстӣ ба намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Захриддин Муҳаммад Бобур маҷмӯаи асарҳои Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро тақдим намуд. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳҳои Самарқанд ва Фарғона низ шартнома бастааст.

                                                                                         Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:367 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар