ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁН
2018-04-26

Санаи 25-уми апрели соли равон дар Театри давлатии мазҳакавӣ - мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёни вилоят бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии ректор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло 150 нафар профессорон ва собиқадорону олимони ҷавон ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз нақши зиёиёни кишвар дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон ҳарф зада, фаъолияти як қатор муассисаҳои илмиву фарҳангиро мавриди таҳлил қарор дод.

Ҳамзамон дар баробари дигар ходимони илмиву адабӣ ва фарҳангӣ дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Нуров Нуралӣ барои хизматҳои шоиста дар тарғиби сиёсати давлат дар соҳаи илму маориф, анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мушарраф гардидан ба дастовардҳои назаррас, инчунин бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бо сипосномаи Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:189 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар