ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ОБ-НЕРӮИ СОЗАНДАИ ТАБИАТ
2018-04-16

Дар факултаи Забонҳои Шарқ  конференсияи илмӣ-назариявӣ   бахшида ба Даҳсолаи амалиёти “Об-барои рушди устувор 2018-2028”таҳти унвони “Об-нерӯи созандаи табиат” бо ташаббуси устодони кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курси 2-юми факултет иштирок намуданд. Ровии маърӯза Буҳоваддинов Саидфарруххон чорабиниро кушода сухани ифтитоҳиро ба мудири кафедраи фалсафа Атоев Атоулло дод. Пас аз тарафи  донишҷӯён маърӯзаҳои пурмазмун дар мавзӯъҳои  “Нақши президенти ҶТ дар ҳалли масъалаи об” « Об, қадр ва мақоми он дар ҷаҳон» «Проблемаи глобалии об» «Об чун сарвати бебаҳои Тоҷикистон» пешкаши ҳозирин гардиданд. Инчунин барои болидахотирии ҳозирин аз тарафи донишҷӯён чакидаву гуфторҳои бузургону мутафаккирон оиди неъмати бебаҳои табиат будани об бо забонҳои гуногун, мисли арабиву англисӣ, русӣ, точикӣ, хитоӣ, ӯзбекӣ, форсӣ  пешкаш гардид. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён иброз карда шуд, ҷавонони пешқадами диёр аз ҷумла донишҷӯёни факултаи номбурда дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд омада, баҳри пешрафти ватани худ саҳмгузорӣ менамоянд ва ташаббуси Даҳсолаи амалиёти “Об барои рушди устувор”-ро ҳамаҷиҳата дастгирӣ хоҳанд кард.

Дар ин чорабинӣ устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ва факултаи Забонҳои шарқи  донишгоҳ иштирок намуданд. Ноиб декани илми факултети Забонҳои Шарқ  Ҷӯраева С. аз баромади донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил                                                                           

 

Аз назар гузарониданд:268 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар