ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 23.02.2018, таҳти № №135 байни донишҷўёни факултетҳо озмуни умумидонишгоҳии «Ёддоштхонӣ» гузаронида мешавад. Даври ниҳоии озмун дар ҳафтаи Рўзи илми тоҷик дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони даври ниҳоии озмун бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд, ба садорати китобхонаи марказӣ ва ё почтаи электронии romizjon-84@mail.ru муроҷиат намоянд. маркази иттилоот ва таҳлил



ба қафо
ОДОБИ САЛОМ-НИШОНАИ БОФАРҲАНГӢ
2018-04-13

Дар факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти  унвони “Одоби Салом” чорабинии илмӣ-адабӣ бо роҳбарии дотсент Мавлуда Раҷабова  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни бахши  чоруми ихтисоси омӯзгори забони англисӣ иштирок намуданд. Мавлуда Раҷабова  дар чорабини гуфт, ки салом нишонаи боодобӣ ва бофарҳангии шахс буда бояд ҷавонони мо имрӯз одоби дурусти саломро аз бузургсолон омӯзанд ва тавонанд, ки одоб ва фарҳанги баланди худро нишон дода дар ҷомеа ҳамчун шахси намунавӣ муаррифи гарданд. Иштирокчиён оид ба тарз ва одоби дурусти маърӯза намуда ҳамзамон порчаҳои шеърӣ ва гуфторҳо аз адабиёти классик намуна оварданд. Баъдан дар чорабини аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳои гуногун оид ба одоби дурусти салом ва фазилати он намоиш доданд.

Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ, ки обрӯву нуфуз ва манзалати ӯро дар ҷомеа баланд мебардорад, тарзи дурусти салом ва риояи одоби он мебошад. Гузаштагони мо одоби саломро дар вуҷуди фарзандони хеш парварида аз хурди онҳоро таълими дуруст медоданд то ҷавонон соҳибмаълумот гашта дар ҷомеъа мақоми худро дарёбанд. 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:102 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар