ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 23.02.2018, таҳти № №135 байни донишҷўёни факултетҳо озмуни умумидонишгоҳии «Ёддоштхонӣ» гузаронида мешавад. Даври ниҳоии озмун дар ҳафтаи Рўзи илми тоҷик дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони даври ниҳоии озмун бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд, ба садорати китобхонаи марказӣ ва ё почтаи электронии romizjon-84@mail.ru муроҷиат намоянд. маркази иттилоот ва таҳлил



ба қафо
“ДОНИШҶӮ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ”
2018-04-12

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии «Информатика», таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”доир гардид.

Ба маҳфили илмӣ-амалӣ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов оғоз бахшида зикр кард, ки иштирокчиёни навбатии ин маҳфили номбурда донишҷўёни соли аввали факултети филологияи тоҷик мебошанд. 

Озмуни мазкур аз рўи 3 шарт «Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ», «Кор бо тахтаи электронӣ» ва «Ворид намудани матн ба компютер» ба роҳ монда шуд ва устодони кафедра баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ менамуданд. Сазовори ҷойи якум донишҷўйи соли аввали факултети филологияи тоҷик Тӯраев Муҳриддин, ҷойи дуюм Ғафурова Тахмина   ва ниҳоят зинаи сеюм насиби Мирзоев Дилмурод гардид.

Устод Ҳусейнбой Аҳмедов барои ғолибони маҳфил аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтихорнома ва дигар тўҳфаҳои хотиравиро супорид. Ба сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика Икромова Инобатҷон, барои ғолибияти шогирди хеш дар зинаи аввал ифтихорнома низ супорида шуд.

Иштирокчиён ба омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии информатика барои ташкил кардани чунин маҳфили илмию амалӣ , ки бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода гузаронида ва қадрдонӣ карда шуд,  изҳори ташаккур намуданд.

Дар интиҳои озмун барои иштироки фаъолонаи донишҷўён мудири кафедра   Ҳусейнбой Аҳмедов изҳори миннатдорӣ намуд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

Аз назар гузарониданд:95 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар