ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
МАЪЛУМОТНОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
2018-04-11

Тибқи нақшаи таҳия кардашудаи чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети педагогӣ санаи маҳфили илмии намунавии  математикони ҷавон ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар кори он намоянда аз раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ, мутахассиси пешбар ва устодони факултет ва 60 донишҷўён иштирок намуданд. Маҳфил дар ду бахш амал намуд, ки сараввал Тоҷибоева М. – донишҷўи курси сеюм тибқи нақшаи маҳфили математикони ҷавон таҳти унвони «Хусусиятҳои ташкили дарсҳои математикаи синфҳои ибтидоӣ дар низоми салоҳиятнокӣ» бо муаррифнома баромад намуд. Ба барнома қисми дуввуми маҳфил викторинаи математикӣ баргузор карда шуд. Дар он ду даста яке бо номи Умари Хайём ва дигаре бо номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ дониши математикии худро санҷиданд. Виктарина саломнома, муаррифии гурўҳҳо, саволу ҷавоби математикӣ, дарёфти масъалаҳои мантиқӣ, гуфторҳои математикӣ, шеър ва чистонҳои математикӣ ва охирон навиштани формулаҳои математикиро дар бар мегирифт. То ба анҷом расонидани кори аъзоёни ҳакамон барандаи маҳфил бо саволҳои математикӣ бо бахши «Оё шумо медонед?» муроҷиат намуда, аз ҳозирин иштирокчиён маҳфил ҷавобҳои мушаххас гирифт. Баъди ба охир расидани шартҳои дастаи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ бо 78 хол ғолиб дониста шуд. Кори маҳфилро Раҷабов Б. ва муовини декан оид ба таълим бо охирсухани худ ҳусни анҷом бахшиданд.

Ҳамзамон дар ин рўз мувофиқи нақшаи ҳафтаи илм ва Шўрои олимони ҷавон семинари омўзишӣ бо иштироки профессори кафедраи педагогикаи иҷтиомоӣ ва касбӣ Шаропов Ш.А. таҳти унвони «Роҳандозӣ намудан олимони ҷавон ба таҳияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ» баргузор гардид, ки дар кори семинар олимони ҷавони факултет ва унвонҷўён иштирок намуданд. Дар рафти семинари омўзишӣ олимони ҷавон бобати навиштани рисолаҳои номзадӣ, гузаронидани озмоишҳо, таҳлил намудани озмоишҳои гузаронида шуда, тарзи ба рисола ҷойгир намудани кори тадқиқотӣ ва рафти ҳимояи рисолаи номзадӣ аз профессор Шаропов Ш.А. маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:203 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар