ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



ба қафо
ДАРСИ КУШОД ОИД БА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
2018-04-06

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он Дадобоева Муҳаррам Наимҷоновна оид ба мавзӯи “Таърих ва рушди ҳунари кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ” баргузор гардид.  Дар он намояндагон аз раёсати таълими донишгоҳ  дотсентон Сабуров М., Ёқубов С., декани факултет профессор Азизов А., муовини декан оид ба таълими факултет Яхёев Ф., муовини декан оид ба илм Дадобоева М.А., мудири кафедра дотсент Неъматов Л., дотсентон Ҳасанов С., Юсупова Д., сармуаллимон Бобоҷонова Ш., Шамсиева А., Мулоҷонов М., Ғаниева М., омузгорони ҷавон Таирова М., Аҳадов Ф. Иштирок намуданд. Дарс мувофиқ ба талаботи замони ҳозира бо истифода аз  муаррифии мавзӯъ тариқи проектор, истифодаи методҳои дидактикӣ вабаста ба таълими салоҳиятнок, саволу ҷавобҳо ва нишон додани роликҳо оид ба инкишофи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, бо сифати баланд гузаронида шуд. Ин дарс дар нақшаи чорабиниҳои факултет бахшида ба пешвози соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Ҳинни ҷамъбаст устодон дарси мазкурро таҳлил намуда, қайд карданд, ки дотсент Дадобоева М.Н. яке аз мутахассиси варзидаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кашидадӯзию сузанидӯзӣ буда, дар ин ҷода бисёр таҳқиқотҳо бурдааст, мавзӯи рисолаи номзадии ӯ низ ба ин соҳа бахшида шуда, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии худ то ҳол садҳо ҷавондухтаронро бо ин ҳунар омӯзонида натиҷаи корҳои онҳо дар намоишҳо гузошта мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:225 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар