ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 23.02.2018, таҳти № №135 байни донишҷўёни факултетҳо озмуни умумидонишгоҳии «Ёддоштхонӣ» гузаронида мешавад. Даври ниҳоии озмун дар ҳафтаи Рўзи илми тоҷик дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони даври ниҳоии озмун бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд, ба садорати китобхонаи марказӣ ва ё почтаи электронии romizjon-84@mail.ru муроҷиат намоянд. маркази иттилоот ва таҳлил



ба қафо
ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ПОЙДОР ВА БОСАМАР БОД!
2018-03-30

Дар доираи иштирок дар Наврӯзи вилояти Суғд аз намояндагони зиёии Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 28.03.2018 соли равон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд профессор Холмуродов Рустам Ибрагимович бо гурӯҳи омӯзгорони  донишгоҳи мазкур ташриф оварданд.

Ҳадафи асоси ташрифи меҳмонони олиқадр ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо фаъолияти гуногунсоҳа ва густурдаи таълимӣ, илмӣ инноватсионӣ ва тарбиявию фарҳангии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни сафар ҳамчунин шартномаи тарафайн байни роҳбари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба имзо расид, ки мақсади асосии онро ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои таълим, навиштани китоби дарсӣ, омӯзиши таҷрибаҳои пешқадамӣ омӯзгорони собиқадор ва соҳибтаҷрибаи ҳарду донишгоҳ омода кардани кадри илмӣ, иштирок дар шӯроҳои муштараки дисертатсионӣ, ташкили конфронсҳо, симпозюмҳои илмии муштарак ва ғайра ташкил медиҳад. Ҳамчунин меҳмонон аз осорхонаи аз  нав таҷдид гардидаи донишгоҳ дидан намуда, таассуроти неки худро дар дафтари қайди меҳмонони олиқадри осорхона ба қалам доданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:193 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар