ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҶЛИЛИ НАВРЎЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ
2018-03-17

Ҷашни Наврўзи ҳуҷастапай имсол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маросими кушодашавии Осорхонаи таърихии донишгоҳ дар тарҳи ҷадид оғоз гардида, тамоми собиқадорон, олимону мутахассисон, меҳмонону ҳунармандон ва устодону донишҷўёнро ба майдони наврўзии саҳни бинои 1-и таълимӣ ба ҳам овард.

Нахуст дар маросими кушодашавии осорхонаи таърихии донишгоҳ намояндаи МИҲД вилоят, мудири Шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Келдиёров ба сухан баромада ҳозиринро аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Наврўзи ҷаҳонӣ табрик намуд.

Сипас, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода вобаста ба маросими таҷдиди осорхона сухан гуфта, моҳияти онро ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху анъанаҳои донишгоҳӣ, пайванди наслҳо, хотираи неки созандагону пешбарандагони ин боргоҳи маърифат – сафинаи маориф арзёбӣ намуд.

Дар идомаи ин маросим устодони собиқадор Набиев В.М., Саидов Ҳ.Р., Абдуқодиров А., Матлубаи Мирзоюнус ва дигарон суханронӣ намуда, аз ин иқдом изҳори миннатдорӣ ва истиқболи хуб намуданд.

Баъдан, аҳли раёсат бо ҳамроҳии собиқадорон ва меҳмонон аз растаҳои наврўзӣ, ки аз ҷониби факултетҳо ва кафедраҳои уиуидонишгоҳӣ вобаста ба хусусиятҳои ҷашни Иди наврўз дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ороста шуда буданд, дидан намуданд.

Қайд карда шуд, ки дастурхони идона, намоиши фарҳанги либоспўшии миллӣ ва қироати фолклори маҳаллӣ ҳуснбахши чорабинӣ маҳсуб меёбад.

Пас аз сухани табрикии намояндаи МИҲД-и вилоят ва ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода суханронӣ намуда, ба барномаи наврўзии донишгоҳ ҳусни оғоз бахшид.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва тавассути иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин суннат ва анъанаҳои Наврўзӣ бо сурат ва шеваи навин ҷой эҳё мешаванд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанўз аз айёми мавҷудияти давлатҳои аввалин дар марзи кунунии кишвари мо таҷлили Наврўз дар ҳар минтақа  аз падидаҳои хосае бархурдор буда, ки ҳамин омил боиси ҳифзи мафоҳим ва ҷашну маросимҳое бо номи «Наврўзи Суғд», «Наврўзи Бохтар», Наврўзи Бадахшон», «Наврўзи Хатлон» гардидааст. Барои баҳравар шудан аз ин таҷрибаи нодири ниёгони шарафманди хеш  ва бо мақсади эҳёи чунин анъанаи наҷиби Наврўз бо ибтикори бевоситаи Асосггузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҳамасола дар яке аз манотиқи Тоҷикистон ба унвони рамзи муҳими таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ таҷлил гардида, ва аз ин роҳ суннатҳои дерини аҷдоди шарафманди мо дар гиромидошти Наврўз барқарор ва устувор мешаванд. Имсол низ дар идомаи ҳамин суннати дерина таҷлили ҷашни Наврўз дар яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон – Панҷакент доир шуда, барои эҳёи суннат ва оинҳои  дигари куҳани наврўзии гузаштагони мо мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади пайгирӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати фарҳангзамири Пешвои миллат дар вилояти Суғд бо ибтикороти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба пешвози баҳору Наврўзи ҳуҷастапай як қатор корҳои ободкориву созандагӣ, маъракаҳои ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, бунёди боғҳои нав, сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ, таъмири роҳҳо, ташкили ярмаркаҳои маводи ниёзи мардум, чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, аёдати собиқадорону ятимон амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин росто ҷиҳати тарғиби оинҳои ҷашни Наврўз ҳамчун тадбирҳои ваҳдатофарин ва тарғибгари ҳамдилигии мардум Раёсати донишгоҳ низ тасмим гирифт, ки дар барномаи чорабиниҳои наврўзии имсола  намоиши либос, расму оинҳо ва маросимҳои наврўзии манотиқи мухталифи Тоҷикистонро ба намоиш гузорад. Боиси қаноатмандии мост, ки бо шарофати сиёсати ваҳдатшиоронаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи мо низ аз тамоми манотиқи кишвар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи ҷашни Наврўз барои мустаҳкам гардидани дўстиву рафоқати онҳо мусоидат менамояд.

Дар барнома асосан Дастаи созию овозии донишгоҳ «Навои ҷавонӣ» ва дигар ҳунармандони шаҳри Хуҷанд иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур якчанд озмунҳои наврўзӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ карда шуданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, дилписанди меҳмонон ва донишҷўён гардид.

 

 Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:409 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар