ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 23.02.2018, таҳти № №135 байни донишҷўёни факултетҳо озмуни умумидонишгоҳии «Ёддоштхонӣ» гузаронида мешавад. Даври ниҳоии озмун дар ҳафтаи Рўзи илми тоҷик дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони даври ниҳоии озмун бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд, ба садорати китобхонаи марказӣ ва ё почтаи электронии romizjon-84@mail.ru муроҷиат намоянд. маркази иттилоот ва таҳлил



ба қафо
ҶАШНИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР ДОНИШГОҲ
2018-03-09

Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Иди бонувон, “Рӯзи модар” барномаи адабию фарҳангӣ бо иштироки меҳмонон ва устодону бонувони донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда иброз дошт, ки имрӯз сиёсати давлату Ҳукумат махсусан таваҷҷӯҳи Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи зан  дар ҷомеа назаррас буда, ба он равона гардидааст, ки то ҳаёти занону модарони мо осоишта гардида, ин табақаи иҷтимоии пурмалоҳати ҷомеа ҳамчун роҳбар, сиёсатмадор, олим ва тарбиятгари беҳтарин шинохта шаванд. Роҳбарияти донишгоҳ дар идомаи суханрониаш аз занони барӯманд ва машъалафрӯзони роҳи илму маърифат ёдовари намуда ишора кард, ки имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 70 нафар занҳо аз вазифаи мудири кафедра то ба вазифаи ноиби ректор фаъолият мебаранд, ки ин нишон аз пешрафти сиёсати давлатӣ дар ин самт  ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ ҳамзамон намояндаи МИҲД вилояти Суғд иштирок намуда, номаи шодбошии Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба занони донишгоҳ расонид.

Дар маҳфил занони собиқадор ва пешқадамони илму маърифат бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд. 

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик саҳнаҳои гуногун ба намоиш гузошта, шеъру достонҳоро дар васфи модар қироат намуданд.  Дар охир ҳунармандони ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ бо пешниҳоди сурудҳои ҷаззоб маҳфилро ҳусни хотима бахшиданд.

 

 

Маркази итттилоот ва таҳлил

 

 

 

 

Аз назар гузарониданд:228 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар